Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сокинони пойтахт суҳбату вохӯриҳо доир гардид

20 июн дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар чор ноҳияи пойтахт — Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ мулоқоти кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, савдо, занон, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибон, ҷавонони фаъол ва иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иштирокчиён аз саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ дар давраи ҳассосу нобасомониҳои мамлакат ёдовар шуда, корнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсатро намунаи олии давлатдорӣ ва сулҳи бамиёномадаро намунаи олии сулҳоварӣ барои ҷаҳониён номиданд.

Фаъолони ноҳияҳо низ аз хизматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи деринтизор ёдовар шуда, муҳаббату самимияти хешро нисбат ба ин неъмати бебаҳо тавассути шеъру сухан иброз доштанд.

Гуфта шуд, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар низоми сиёсии ҷаҳон рӯйдоди воқеан беназир буда, барои кишварҳои зери сояи ҷангу низоъ қарордошта намуна ва мактаби омӯзиш барои ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва мусолиҳа мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE