Раиси Кумитаи телевизион ва радио
Саид Нуриддин Саид 25 ноябри соли 1956 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси омӯзгори фанни фалсафа хатм кардааст.
Саид Нуриддин Саид то таъин шуданаш ба мансаби Раиси Кумитаи телевизон ва радио дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз ҷумла, солҳои 1983—1993 муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав, солҳои 1988—1991 аспиранти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ), солҳои 1993—2006 дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2006—2008 сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2008—2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2012 – 2020 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст буд. Мавсуф доктори илмҳои фалсафа, профессор аст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2020 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Муовини якуми Раиси Кумита
Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2020, № 339, муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Муовини Раиси Кумита
Рустамзода Дилафрӯз Абдусалом 28 майи соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1998 факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ҳозира ДМТ) хатм карда, пас аз хатми Донишгоҳ ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, омӯзгори кафедраи журналистикаи байналхалқӣ, муаллими калони кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ буд.
Моҳи январи соли гузашта муовини декани факултети журналистика оид ба тарбия таъин шуд. Моҳи марти соли 2020 вазифаи пурмасъулияти директори Радиои “Тоҷикистон”-ро бар уҳда гирифт. Аз аз 15 июни соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Ӯ дар мавзӯи “Проблемаҳои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар барномаҳои Радиои Тоҷикистон” (2019) таҳти роҳбарии академик Имомзода Муҳаммадюсуф рисолаи илмии худро дифоъ намуда, унвони номзади илмҳои филологиро соҳиб шудааст.
Муовини Раиси Кумита
Ализода Суҳроб Маҳмуд 8 майи соли 2017 аз вазифаи сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.