Имрӯз дар меҳмонхонаи”Crowne Plaza”-и шаҳри Душанбе…
Имрӯз дар меҳмонхонаи”Crowne Plaza”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои сайёҳии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои масъули соҳаи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ, инчунин намояндагони ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.
Тавре зимни ҷаласа зикр гардид, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона байни давлатҳои иштирокчии ИДМ аҳамияти муҳим дошта, ба ташкили хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ, афзоиши гардиши сайёҳон, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори соҳа мусоидат менамояд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни суханронии худ нақши ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии минтақа муҳим арзёбӣ намуда, аз дастовардҳо ва иқдомҳои Тоҷикистон дар самти рушди соҳа ёдовар шуд.

