«САЙРИ КИТОБ»  ДАР КӮЛОБ

Дар шаҳри Кӯлоб Тибқи дастури мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  дар рӯзҳои таътили зимистонаи хонандагони мактабҳои миёна барномаи «Сайри китоб» бо усули хона ба хона ҷараён дорад.  Сол аз сол сафи нафарони китобхону китобдӯстдор ба маротиб меафзояд. Ин амал баъди иқдоми наҷиби Асосгузори Сулҳу Ваҳдатии миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза пайдо кард. Ба ҳамагон маълум аст, ки тулли ду сол мешавад, озмуни  ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар кишвар баргузор мегардад. Озмуни мазкур миёни қишрҳои гуногуни ҷомеъа такони ҷиддӣ ба амал овард.  Имрӯз дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо ташабусси МИҲД шаҳри  Кӯлоб барномаи «Сайри китоб» бо усли хона ба хона гузаронида шуда, истодааст.

«Барномаи  «Сайри китоб»  дар тамоми ҷамоатҳои шаҳракҳои шаҳри  Кӯлоб бо усули хона ба хона тибқи нақша чорабинӣ гузаронида мешавад. Дар рафти ин иқдом намояндагони бахши маориф, фарҳанг, раисони ҷамоатҳо ва волидон иштироки фаъол доранд. Барномаи мазкур то охири моҳи январи дома хоҳад кард, ки дар он китобҳои Пешвои миллат, китобҳо аз ашъори бузургони классики тоҷик ва аз ашъори шоирону нависандагони муосир ба аҳолӣ тақсим карла мешаванд»

Ҳадаф аз баргузории ин барнома ҷалби наврасон ба китобхонӣ, мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ва омӯхтани илму дониш, ғанигардонии тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва пешбурди ҳаёти солим барои ҳар инсон  мебошад. Ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб аз эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ ва зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ дарак медиҳад.

Шоҳҷаҳон Қурбонов

«Садои Душанбе»

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *