Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

 21 октябр, соати 23:14 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Дар ин бора аз Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маркази заминларза дар қаламрави Афғонистон ҷойгир буда, дар Тоҷикистон дар километри 283-юми самти ҷанубу шарқи Душанбе, километри 101-и самти ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ ва километри 56-и ҷанубу ғарби Ишкошим ба қайд гирифта шуд.

Қувваи заминларза дар марказаш 5 балл, дар Ишкошим 3-4 балл ва дар Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE