Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 86 фоиз иҷро гардид
Дар 20 рӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 86 фоиз иҷро гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вобаста ба татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 августи соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муташаккилона идома дорад.
Бо сипарӣ гардидани 20 рӯз аз ин чорабинии муҳими сиёсӣ 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаи пешбинигардидаро пурра иҷро намуданд.
Тавре қаблан хабар додем, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сатҳи ҷумҳурӣ аввалин шуда, аз иҷрои барзиёди нақшаи даъват, яъне 101,2 фоиз гузориш дод. То имрӯз натиҷаи иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 73 фоиз, вилояти Хатлон 97 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 80 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 87 фоизро ташкил медиҳад.