10 нафар кормандони Кумитаи телевизон ва радио барои иштирок дар давраҳои минбаъдаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд

Ғолибони даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҳисоби кормандони Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар даври дуюм ба комиссияи даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 10 нафар барои иштирок дар давраҳои минбаъдаи озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ба даври ноҳиявии Озмун аз рӯи номинаи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» Бузургмеҳри Боймурод аз Радиои Тоҷикистон ва Музафар Сулаймонов аз Телевизиони «Баҳористон», аз рӯи номинаи  «Адабиёти классикӣ» — Хӯҷаёров Убайдулло аз Радиои Тоҷикистон   Далер Ҳасанзода  аз Телевизиони «Синамо», аз рӯи номинаи «Адабиёти муосир» бошад Асҳобиддин Низомов  аз Телевизиони «Синамо», Сафаралӣ Нозимов аз «Телевизиони Тоҷикистон»  ва  Мирсаиди Хайрулло  аз Радиои Тоҷикистон, инчунин аз рӯи номинаи  «Адабиёти ҷаҳон» Абдуҷалили Амон аз Радиои Тоҷикистон ва  Тоҳири Асрориён аз «Телевизиони Тоҷикистон» ва аз рӯи номинаи  «Эҷоди назму наср» Кӯҳзод Тағоев аз «Телевизиони Тоҷикистон»  пешниҳод карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар расми ифтитоҳи марҳилаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар байни кормандони кумита изҳор намуд, ки нафаре аз кормандони сохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби ҷоиза мегардад, баробар ба мукофотпулии дар озмун соҳибгашта аз ҷониби Кумитаи телевизион  ва радио низ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ хоҳад шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE