Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид

30 июн дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид, ки  то 2 июл идома меёбад. Дар ин хусус аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар конфронс намояндагони 94 давлат иштирок намуда, доир ба  масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар сайёра, ҳимояи низоми агроозуқаворӣ, муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиӣ, ҷалби маблағгузорӣ ва равона намудани захираҳои мавҷуда ба соҳаи кишоварзӣ, омодагӣ ба буҳронҳои ғайричашмдошт, тезонидани раванди инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ, рақамиконии савдои маҳсулоти агроозуқаворӣ, рушди занҷираи арзиши иловашуда ва таъмини рушди босуботи соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни конфронс оид ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти рушди низоми агроозуқаворӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии мамалакат дар самти истифодаи оқилонаи обу иқлим ва таъсири мусбии он ба низоми кишоварзии мамлакатҳо, истеҳсоли маҳсулоти сабз, тақвияти ҳамкории байналмилалию минтақавӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва дигар самтҳои соишовразӣ суханронӣ намуд.

         Дар ҳошияи 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи вазирон доир ба дастгирии давлатҳои хурди ҷазиравӣ ва дастрасӣ надошта ба баҳр доир гардид. Дар он зиёда аз 55 вазирони кишоварзии давлатҳои дастрасӣ надошта ба баҳр ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок намуда,  масъалаҳои баланд бардошти иқтидори истеҳсолию содиротӣ, бартараф намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти сабз, рушди агросайёҳӣ, рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, дастгирии занҳои деҳот, ҳимояи экосистема ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи конфронс Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳти зисти Аморати Муттаҳидаи Араб, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар намояндагони расмӣ вохӯрӣ намуда, доир ба дурнамои хамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE