Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок кард
30 июни соли 2025 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни он нишаст роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи СААД, аз ҷумла тадбирҳо ҷиҳати вокуниш ба таҳдидҳои муосир дар минтақаи масъулияти созмонро ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирон якчанд қарорҳоро бо ҳадафи самаранокии фаъолияти минбаъдаи Созмон имзо намуданд.
Ҳамчунин баёнияҳо дар бораи муқовимат бар зидди тундгароӣ, ки боиси терроризму ифротгароӣ мегардад, инчунин вобаста ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ ва вазъият дар Ховари Миёна қабул шуданд.
Ҷонибҳо аз татбиқи марҳилаи якуми “Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон” истиқбол карданд.
Ҳамчунин мулоқоти раисиҷумҳури Қирғизистон Садир Ҷапаров ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон баргузор шуд.