Душанбе: Ҳамоиш доир ба имконоти сайёҳӣ, заминаҳои воқеӣ ва дурнамои рушди пойтахт

Қомат афрохтани  биноҳои маъмурӣ  ва муассисаҳои  иҷтимоӣ, ба фаъолият оғоз намудани   корхонаю ширкатҳои  гуногун, бунёду таҷдиди  маконҳои фарҳангиву фароғатӣ,  ба истифода додани  тамрингоҳҳою майдончаҳои варзишӣ, навсозии пулу роҳҳо ва боғҳо, ки солҳои охир вусъат ёфтаанд, бидуни муболиға Душанберо  ба пойтахти  муосиру обод ва шаҳри сайёҳӣ табдил додаанд. Ин нуктаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни баргузории машварат дар мавзӯи «Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе: заминаҳои воқеӣ ва дурнамои рушд», ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, баён дошт.

Ба зикри мавсуф, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд. Дар ин давра бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якчанд тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Ҳамоиш бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ширкатҳои сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Зикр гардид, ки ду сол муқаддам дар асоси   қарори Шӯрои  вазирони туризми кишварҳои узви СҲИ  Душанбе пойтахти сайёҳии  СҲИ эълон гардид. Ин ташаббус  ба густариши ҳамкорӣ бо СҲИ  ва муаррифии дастовардҳои  пойтахт мусоидат намуда,  ба рушди сайёҳии шаҳри Душанбе такони ҷиддӣ бахшид.

Гуфта шуд, ки зери сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин давра беш аз 300 чорабиниҳои мухталифи байналмилаливу сатҳи миллии фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-адабӣ, фестивалу озмунҳо, аз ҷумла бархе тариқи маҷозӣ гузаронида шуда, якчанд муассисаҳои фарҳангӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва ёдгориҳои таърихӣ таъмиру таҷдид карда шуданд. Аз ҷумла, Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Душанбе — шаҳри орзуҳо», Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ», форумҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, озмунҳо, намоишгоҳҳо, фестивалҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дигар намоишу барномаҳо баргузор гардиданд, ки ба муаррифии Ватани азизамон ва пойтахти он нигаронда шудаанд. Ин буд, ки пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфта, ҳамчун симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода иброз дошт, ки аз 31 декабри соли равон то 10 январи соли 2022 дар минтақаҳои Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатсайри нави солинавии дохилӣ роҳандозӣ мегардад, ки баҳри рушди имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе заминаи мусоид мегузорад.

Дар ҷамъомад иштирокчиён инчунин масъалаҳои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва низоми идоракунии сифат дар соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, сифати хизматрасонӣ чун нишондиҳандаи асосии рушди соҳаи сайёҳӣ,  тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва  зарурати истифодаи стандартҳои байналмилалӣ дар хизматрасонии меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE