Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар ин бора ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул намуданд.

Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бе истироҳат таҷлил карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE