“Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе” муайян шуд
29 март даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид. Дар он тарабхонаи «Бухоро» ғолиби даври шаҳрӣ дониста шуда, бо ҷоиза ва Диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Озмуни мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе доир гардида, мақсад аз он рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ мебошад.
Зимни ифтитоҳи маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сокинону меҳмонони пойтахт сухан гуфта, ғолибони озмунро барои ба зинаҳои ифтихорӣ сазовор гардидан табрик намуд.
Дар асоси Низомномаи озмун, барои ғолиб омадани ин ё он тарабхона тарзи дастархонороӣ, хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрокворӣ, истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпазу дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуда, ҳамзамон муҳити тарабхона низ бояд хушоянду дилписанд бошад.
Дар озмун намояндагони як зумра тарабхонаҳои пойтахт низ барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон дар номинаи «Беҳтарин менеҷер» Сарвар Абдурауфов, дар номинаи «Беҳтарин пешхизмат» Елена Абросимова, дар номинаи «Беҳтарин ошпаз» Мавлонҷон Гиясов ва дар номинаи «Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона» тарабхонаи «Бухоро» ғолиб дониста шуда, бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.