Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи «Солҳои рушди саноат»
эълон намудани солҳои 2022-2026
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар, фармон медиҳам:
1. Солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 январи соли 2022
№309