Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 22-юми вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
30 ноябр дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Гурҷистон Конфронси 22-юми Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (БҲИМОМ) баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фарҳод Восидиён иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён иброз намуд, ки Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ дар чаҳорчӯбаи БҲИМОМ аҳамияти хосса зоҳир намуда, имрӯз ҳиссаи давлатҳои аъзои он дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён асосан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, диверсификатсияи ҷараёнҳои савдо ва хатсайрҳои транзитию нақлиётӣ дар минтақа, инчунин содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонӣ ва густариши тиҷорати электронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.