Ба Душанбе барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ аз Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ворид мегардад

Дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирии соҳаи роҳсозӣ дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба маблағи 16 миллион сомонӣ харидорӣ гардид, ки соли равон  ба истифода дода мешавад. Барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ имсол  аз Ҷумҳурии Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ворид мегардад, ки ин ҳама  иқдомот баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо дар пойтахт  равона шудаанд.

Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022,  ки  12 январ   дар  пойтахт баргузор гардид, хабар дода шуд.

Таъкид гардид, ки  дар зарфи 5 соли охир дар пойтахт 162 километр роҳҳо навсозӣ карда шудаанд, ки 7,7 километри он ба соли сипаришуда рост меояд. Мақомот ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии сел ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 16 километр шабакаҳои селпарто сохта, ба истифода додааст.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҳолатҳои кашол додани муҳлати иҷрои корҳо дар баъзе иншооти роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи пастсифат ва баъди ба истифода додани роҳҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа ва дар муҳлати муқарраршуда мутобиқ ба стандартҳои муосир ба истифода додани роҳҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE