Адиби тоҷик «Нависандаи тиллоии ҷаҳон» гардид

Адиби тоҷик, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим  сазовори ҷоизаи  бонуфузи «Нависандаи тиллоии ҷаҳон» гардид, иттилоъ дод худи адиб дар саҳифаи иҷтимоии фейсбукаш.

Ҷоизаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии даҳ кишвари ҷаҳон- ИМА, Олмон, Англия, Франсия, Италия, Испания, Украина, Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон таъсис дода шудааст. Барои сазовор гардидан ба ҷоизаи мазкур он адибони боистеъдод, номдор ва муваффақи ҷаҳон эътироф карда мешаванд, ки дар осори онҳо инсонпарварӣ, сулҳу субот, накӯкорӣ, адолату муҳаббат – арзишҳои умумибашарие, ки халқҳоро муттаҳид месозанд, таҷассум ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз осори Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, франсузӣ, немисӣ, украинӣ, сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар нашрияҳои Русия, Америка, Непал, Чин, Руминия, Полша, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Узбекистон ва дигар давлатҳои дунё рӯи чоп омада, манзури хонандагони сершумор гардидаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE