Нишастҳои матбуотии 19 июл

19 июл Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» соати 08:30 дар Агентии мазкур доир мегардад. КВД «Тоҷиксуғурта» соати 10:00 дар маҷлисгоҳи  Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ (кӯчаи Теҳрон, 21,  ошёнаи 2) нишасти матбуотӣ мегузаронад. Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотиро соати 13:30 дар Маркази мазкур ва Суди Олӣ нишасти матбуотиро соати 15:00 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ доир менамоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE