Пагоҳ дар Душанбе Рӯзҳои синамои ӯзбек оғоз мегардад

Дар ҳошияи сафари сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-ум то 20-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои узбек баргузор мегардад. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.

Дар ин замина, филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов» коргардон (М.Эркинов), «Судя» коргардон Д.Масаидов, «Таҳаввулот» коргардон Е. Тӯйчиев ва «Зинда бод, ҳамсар!» коргардон М.Матчанов дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб барои алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд.

Мутобиқи барнома 16-уми апрели соли 2024 соати 14.30 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар робита ба баргузории Рӯзхои синамои узбек бо иштироки доираи васеи намояндагони Васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ пешбинӣ шудааст.

Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои узбек 16-уми апрели соли 2024 соати 17.00 дар кинотеатри «Наврӯз» бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» коргардон М.Эркинов оғоз мегардад.

Ҳамзамон, дар ин давра ҷаласаи комиссияи муштараки синамогарони Тоҷикистону Узбекистон доир ба таҳияи филмномаи филми ҳунарии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» доир гардида, филмнома мавриди таҳриру таҳлили пурра қарор дода мешавад.

Дар доираи Рӯзҳои синамои узбек 17-уми апрели соли 2024 соати 11.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб филми ҳунарии «Таҳаввулот» коргардон Е. Тӯйчиев намоиш дода мешавад.

18-уми апрели соли 2024 соати 10.00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор филми ҳунарии «Судя» коргардон Д.Масаидов барои алоқамандони синамо манзур мегардад.

19-уми апрели соли 2024 соати 11.00 дар шаҳри Ваҳдат филми ҳунарии «Абдулло Орифов» коргардон М.Эркинов ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Маросими расмии ихтитоми Рӯзҳои синамои узбек 19-уми апрели соли 2024 соати 18.00 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» коргардон М.Матчанов доир мегардад.

Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон аз боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва маконҳои зебою дилпазири шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб дидан менамоянд.

Баргузории Рӯзҳои синамои узбек ба рушду такомули минбаъдаи ҳамкориҳои синамогарони тоҷику узбек заминаи мусоид фароҳам оварда, боиси таҳкиму устувории дӯстию рафоқати ин ду миллати ҳамҷавор хоҳад шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE