Душанбе: 30 январ дар Боғи Фирдавсӣ Иди Сада таҷлил мегардад

30 январ дар Боғи фарҳангӣ— фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ҷашнгоҳ ҳамчунин афрӯхтани гулханҳо, ташкили гӯшаи тавсияи олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва қаламчаҳои хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ, тухмиҳои зироати кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, дар назар дошта шудааст.

Дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар аст.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE