IRS: Ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин гардид

Пайомадҳои боқимондаи тармаҳои фаромада дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок айни замон бо сафарбарнамоии техникаву механизмҳои ширкат бартараф гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он таъмин гардид. Ҳамзамон кормандони филиали ширкат мунтазам роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд, то ягон монеа барои ҳаракати мошинҳо дар роҳи мазкур  пайдо нагардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок, ки қисмати зиёди он аз минтақаи кӯҳистон мегузарад, хавфи   эҳтимоли фаромадани сангпораҳо, лағжиши тарма ва кӯҳпора вуҷуд дорад. Ронандагон бояд аз эҳтиёт кор бигиранду эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд. Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар мошинҳои сабукрав ба гузариши фураҳо ва нақлиёти ядакдор маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки филиали мазкур барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 4312,5 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 150000 литр  сӯзишвории дизелӣ, 80 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 1700 литр антифриз захира намуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Дар  намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани  5600 тонна қум, 410 тонна намак, 90 тонна сӯзишвории дизелӣ, 16 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум шаҳодати ин гуфтаҳост. Сӣ  техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.

Дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Суғд низ 4000 тонна қум, 350 тонна намак, 40000 литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна  ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 34 адад техникаву механизм ба мавсими зимистон пурра омодаанд. Баробари расидани  иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE