Дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 520 довталаб иштирок менамояд

Ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 520 довталаб роҳхат гирифт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мегардад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи ҷадвали тасдиқшуда, аз 18 то 25 август соли 2023 дар маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияи Рашт, шаҳри Ҳисор) аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид.
Натиҷаи ҷамъбасти даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» чунин аст: Аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ин давр 326 нафар довталаб иштирок намуда, ба даври сеюми озмун 91 нафар, дар вилояти Хатлон аз 706 довталаб 115 нафар, аз вилояти Суғд аз 459 довталаб 115 нафар, аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз 223 довталаб 108 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 241 довталаб 91 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE