Сипари боэътимоди давлат

«Ҳарчанд ки артиши миллии мо пас аз соҳибистикдолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тулонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардиданд».

Эмомалӣ РАҲМОН,

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи сиёсӣ, ё худ муноқишаҳои дохилӣ, фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи Фронти халқӣ ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Даври аввал, ки аллакай ба он пурра даст ёфтаем, ин ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Даври дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешрафта дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он тибқи нақшаи барномавӣ идома дорад. Даври асосӣ ин бунёди навъҳои артиш ва тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дарбар мегирад. Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи қушун фаъолият дорад: хушкигард, зудамал, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Артиши миллӣ ниҳоят калон аст. Президенти кишвар зимни ироаи Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯриҳо бо низомиён таъкид менамоянд, ки таҳавулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро огоҳ месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани ташкилоту гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ ва дигар падидаҳои номатлуб ҳар лаҳза ба фазои орому осудаи кишварҳо метавонад халал расонад. Пешвои миллат дар самти мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба таҳкими фаъолияти он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, зеро ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти кишварро таъмин менамуд.

Омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Бо ҳамин тартиб, ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ, бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ ва стратегӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Танҳо дар давоми соли 2021 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ зиёда аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ба ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, автомашинаҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ аз паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша, машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешаванд.

Давоми 29-соли фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳазорон нафар ҳамчун кадрҳои соҳавӣ тарбият ёфтаанд, ки имрӯз дар сафи артиш ба ҳайси нишонгир-снайперҳо, парашутистон, минаҷӯйён, тирандозон, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва ғайра сарбаландона фаъолият доранд.

Пуррагардонии афсарони касбӣ

Имрӯз сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам, аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола беш аз 200 нафар афсарони касбӣ онро аз рӯйи 17 ихтисос онро хатм менамоянд, наздики 4 000 нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.

Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтори қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд. Айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷ наздики 800 нафар таҳсили илми низомӣ менамоянд, ки ҳайати онро курсантону шунавандагони академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамкориҳои ҳарбӣ

Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), “Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кушишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст. Айни замон, вазорат бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст.

Раванди таълиму тарбия дар Артиш

20-уми феврали соли 2015 бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин намуд.

Воқеан, сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, аз байн бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан, ҷиҳати пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ монда мешаванд.

Дар ин замина, як қатор дастурамалҳои методӣ, рӯзномаву маҷалла, китобу дигар маҷмӯаҳои илмӣ-методӣ ба табъ расонида шуда, барномаҳои ҷолиби радиоиву телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ ва амсоли ин таҳия ва манзури хизматчиёни ҳарбӣ гардонида мешаванд. Ҳамзамон, дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маишиву фароғатӣ доир мегарданд. Барои амалӣ намудани чунин корҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат ҷойҳои истироҳатӣ, китобхона ва толорҳои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё карда шудааст. Дар ин самт Вазорат ҳамкориҳои судмандро бо тамоми вазорату кумитаҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардӯст, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина корҳои зиёду назаррасеро амалӣ менамояд.

Илова бар ин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа пайваста дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохӯрии сарбозон бо волидону толибилмони мактабҳои миёна, ҷавонони то сини даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат ва шоирону адибони маъруфи кишвар доир гардида, ҳамчунин доимо маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Раванди бунёдкориҳо дар Артиш

Дар самти рушду нумӯи Артиши миллӣ давоми 29 сол маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд, ҷавобгӯйи меъёри ҳарбӣ ва талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде амалӣ карда шудааст.  Дар давоми 29 сол дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат наздики 620 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд ва  бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома доранд.

Истиқбол аз Истиқлол

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа, қӯшунҳо ва марказҳои таълимии он сохтмону азнавсозии беш аз 400 бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта мавриди истифода қарор дод шуданд.

Қобили зикр аст, ки муҳайё гардидани шароитҳои муносиб маҳз самараи даврони Истиқлоли давлатии кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати боз ҳам ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити қисмҳои низомӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешавад.

Саҳми собиқадорон дар тарбияи эҳсоси ватандустии ҷомеа

Мусаллам аст, ки собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои хизмати ҳарбӣ соҳиби таҷрибаи бою мукаммали хизматӣ ва зиндагӣ мегарданд. Аз ин рӯ, баъди ба нафақа баромадани низ яке аз вазифаҳои асосии онҳо ба ҷавонони низомӣ омӯхтани ҳамин таҷрибаи нотакрор, тарбияи ҳарбӣ-ватандустӣ ва мустаҳкам намудани интизоми ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ҳамин зарурат моҳи марти соли 2006 Шӯрои собиқадорони Вазорати мудофиа ташкил шуда, собиқадоронро муттаҳид кард.

Зикр намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби гурӯҳҳои Шӯрои мазкур дар тӯли 16 сол дар мувофиқа бо Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, пайваста бо хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо чорабиниҳои гуногунро бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва таърихӣ доир мегарданд. Дар чунин вохӯриҳо ҳайати собиқадорон аз таҷрибаи хизмати ҳарбии худ ва дарси зиндагӣ нақл карда, ҳайати шахсии афсарону прапоршикон ва сарбозону афсаронро ба дӯст доштани Ватан, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, пос доштани анъанаҳои беҳтарини таърихи халқамон, дӯстиву рафоқат, Ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва расидан ба қадри ин замини биҳиштосои аҷдодӣ ҳидоят менамоянд.

Мақоми занону бонувони низомӣ

Имрӯзҳо занону бонувон дар Артиши миллии кишвар мавқеи хосса дошта, дар баробари мардон, барои ҳимояи марзу бум омодаанд. Оид ба баланд бардоштани саҳми бонувон дар ҷомеа Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки шароити кору зиндагии бонувони сафи Артиши миллии кишвар сол то сол беҳтар мегардад. Инро бонувони низомӣ зимни суҳбат бо мо тасдиқ намуда минатдории худро ба роҳбарияти олии мамлакат расониданд.

 Варзиш дар меҳвари Артиш

Бояд гуфт, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба обутоби бадани афсарону сарбозон маҳз тавассути варзиш диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз соли 2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии “Артиш” амал мекунад. Клуби мазкур яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, варзишгарони он ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомил мебошанд. Онҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар садҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат карда, зинаҳои намоёнро ишғол намудаанд.

Варзишгарони Клуби марказии варзишии “Артиш” ҳамасола дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, бо иштироки фаъолонаи худ бо медалҳои тиллову нуқра, биринҷӣ, ифтихорномаҳои зиёд ва дигар туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шудаанд. Илова бар ин, барои рушду нумӯи варзиш ҷавонону наврасон, бахусус хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳама қисмҳои низомии Вазорати мудофиа толору майдончаҳои хуби варзишӣ ва барои обу тоби бадан дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё гардонида шудааст, ки чунин шароитҳо имкон медиҳад, тамоми машғулиятҳои ҷисмонӣ сари вақт ва дар сатҳи лозима ташкилу ба роҳ монда шаванд.

Умуман, талаботи қонунҳои амалкунанда, амру супориш ва иқдому ташаббусҳое, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ гузошта мешаванд, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ сари вақт ва бо сарбаландӣ иҷро мегарданд. Айни ҳол аз сарбози қаторӣ сар карда, то хизматчиёни ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа таҳти шиори дар “Соли 2022-ум бо омодагии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ” фаъолият намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд. Пас, 29-умин солгарди таъсиси ин сипари боэътимоди Ватанро барояшон таҳният гуфта, таманно мекунем, ки ҳамеша ба савганд ва шиорашон содиқ бошанд.

 Фирӯз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири шабакаи «Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE