Душанбе: Барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуд

Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов имрӯз барои зиёда аз 800 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ду қисми низомӣ барои 1400 нафар сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идона орост.

Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов дар вохӯрӣ бо сарбозону афсарон изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати инсонпарварони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз сокинони Тоҷикистон дар фазои сулҳу осишта ба сар бурда, аз кумакҳои давлату Ҳукумат ва соҳибкорон бархӯрдор мегарданд.

Ҳамзамон мавсуф иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қодиранд, ки дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намоянд. Артиши миллӣ дар ҳама давру замон барои ҳар давлати соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин ба ҳисоб меравад.

Дар ин рӯз узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов барои ғамхории доимӣ ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат бо Фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2022 бо медали ҷашнии «70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм» қадрдонӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдоми хайрхоҳона аз ҷониби сарбозону афсарон хуш пазируфта шуда, онҳо дар навбати худ нисбат ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ваъда доданд, ки содиқонаву софдилона ба халқу Ватани хеш хизмат намуда, баҳри ҳифзи амнияту осоиштагӣ талош хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкор Маҳмудҷон Муродов пайваста дар ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон, беморон ва шахсони ниёзманду имконияташон маҳдуд саҳми муносиб мегузорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE