Душанбе: Баргузории мусобиқаи байналмилалии гӯштинбахшида ба Наврӯз

Аз 17 то 22 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор карда мешавад. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 25 феврали соли 2022 барои баргузории ин мусобиқаҳо маблағи 2 миллион сомонӣ бо дарназардошти андозҳо ҷудо гардид.

Мусобиқаи мазкур дар доираи баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба кураш доир шуда, бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ доир карда мешавад.

Тибқи қарори мазкур, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии гӯштингирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мусобика беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро даъват ва ҷалб менамоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE