ММТ: Барои соли 2022 курсҳои омӯзишӣ оғоз намуд

Имрӯз дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор курси омӯзишӣ   баргузор гардид, иттилоъ доданд аз маркази мартуботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Курси омӯзишии мазкур бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо ин низом дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.

Маркази миллии тестӣ барои шарҳу тафсири мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ ва ғайра омода намудааст. Инчунин ба таблиғгарон маводи ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва модули омӯзишии низоми ИМД дастрас намуд.

Гуфта мешавад, ки моҳи январ дар ду сатҳ ва моҳи феврал дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ доир ба хусусияти низоми ИМД ва талаботу қоидаҳои муқарраршудаи марбут ба он, хусусан барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор дарсҳо сурат мегиранд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестӣ оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2022 аз 1 феврал то 12 март вохӯриҳои кормандони доимӣ ва муваққатии марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модари довталабон пешбинӣ шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE