Душанбе: Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баргузор мегардад

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хоҳад буд.

Торнамои конфронс (www.dushanbewaterprocess.org), саҳифаҳои иҷтимоӣ дар твиттер (@DWaterProcess) ва фейсбук (Dushanbe Water Process) мунтазам бо маълумоти нав таҷдид мегарданд.

Аз ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилоту коршиносони соҳа ва дигар ҷонибҳои алоқаманд хоҳиш карда мешавад, ки худро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ то 6 майи соли 2022 номнавис намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» се сол пеш, моҳи июни соли 2018 дар Душанбе доир шуда буд. Зимни суханронии худ дар он Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки  раванди таҳияву пешбурди қатъномаи нави Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҷараёни татбиқи Даҳсола майдони иловагиро барои ҳамкории мо фароҳам хоҳад овард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE