Душанбе: Иҷлосияи VI Маҷмаи Умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё»

Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Иҷлосияи VI Маҷмаи Умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» ба кор оғоз намуд, ки дар он намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идора, корпусҳои дипломатӣ, Дабири кулли Созмони «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё», роҳбарону намояндагони беш аз 40 шаҳри қитъаи Осиё ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар кори иҷлосияи мазкур инчунин намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони дигар ниҳодҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок доштанд. 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни паёми шодбошӣ ташрифи меҳмононро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайрамақдам гуфта, баргузории иҷлосияи навбатии Созмонро дар ибтидои фасли зебои баҳор ва арафаи ҷашни Наврӯз аз ояндаи дурахшон ва таҳкиму густариши робитаҳои бисёрҷониба миёни шаҳрҳои Осиё арзёбӣ намуданд.

    
Тавре зикр гардид, имрӯз шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (Мегаполис), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, шаҳрҳои Муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ буда, айни замон бо 20 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибатҳои дӯстона ва бародарона дорад.

Шаҳри Душанбе бо дарназардошти имконияту дастовардҳо солҳои охир ҳамчун макони амнтарин, беҳтарин шаҳри сайёҳӣ ва гаштугузори шабона, инчунин пойтахти фарҳангии кишварҳои минтақа пазируфта шуд.

Тайи ду рӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба майдони бузурги мубоҳисаҳо ва макони муколамаи шаҳрҳо табдил меёбад.


Дар форум роҳбарони шаҳрҳо сухан гуфта, оид ба таҳкиму густариши ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногуни мавриди назар арзи матлаб намуданд.

Дар иҷлосия иштирокчиёни он дар 5 ҷаласаи пленарӣ оид ба мавзӯъҳои «Шаҳри ҳушманд» («Смарт сити»), «Саёҳати шаҳрӣ», «Устувории шаҳрӣ», «Беҳтарсозии шаҳрӣ» ва «Саломатии шаҳрӣ» мубодилаи афкор намуданд.

Сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов иброз дошт, ки дар ҳошияи кори иҷлосия якчанд вохӯриҳои дуҷонибаи роҳбарони шаҳрҳои иштирокчӣ пешбинӣ шуда, дар ҷараёни баргузории он иштирокчиён бо дастовардҳои пойтахт тайи даврони соҳибистиқлолӣ шинос шуда, аз якчанд маконҳои таърихӣ ва корхонаҳои истеҳсолии мамлакат дидан мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки Форуми раисони шаҳрҳои Осиё ҳамчун созмони байналмилалии ғайриҳукуматӣ соли 2008 таъсис дода шудааст.


Пешниҳод оид ба таъсиси созмони мазкур зимни Ассамблеяи парлумонҳои Осиё баргузор гардид. Шиори Форуми раисони шаҳрҳои Осиё чунин аст: «Осиё барои шаҳрвандон: ҳамгироӣ барои зиндагии беҳтар» ва мақсади асосии он – рушди ҳамкорӣ ва якпорчагии шаҳрҳо ва шаҳрвандони Осиё. Гуфта шуд, ки айни ҳол 96 шаҳр аз 34 давлати дунё аъзои Форуми раисони шаҳрҳои Осиё мебошанд.

Иҷлосияи VI  Маҷмаи умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» дар шаҳри Душанбе ду рӯз идома ёфта,  бо қабули Эъломияи Душанбе ҷамъбаст мегардад.

Иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки Иҷлосияи шашуми Маҷмаи умумии  «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» ҷиҳати муттаҳид намудани талошҳои роҳбарони шаҳрҳо барои роҳандозии иқдомоти боз ҳам фаъолтар ва андешидани тадбирҳои заруриву муносиб саҳми сазовор мегузорад.

  

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE