Душанбе: Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ доир мешавад
Аз 25 то 29 март дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе – Рӯдакӣ — Хуросон – Бохтар – Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди кишварҳои минтақаи Осиё баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, мусобиқаи мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиши велосипедронӣ, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ баргузор мегардад.
Мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардиданд.
Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки дар доираи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ аз 17 то 22 марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор карда мешавад.