Озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» дар соли 2022
Дар пойтахти мамлакат Озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» дар соли 2022 гузаронида мешавад. Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 140000 (яксаду чил ҳазор) ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 5 марти соли равон Низомнома ва ҳисобномаи хароҷотии озмуни мазкур тасдиқ гардид. Роликҳои тарғиботӣ бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, ҷалб намудани сайёҳон ба пойтахти кишвар таҳия мегарданд.
Тибқи қарори дахлдор муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани озмуни мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.