18 ҳодисаи лағжиши тарма дар 1 шабонарӯз

9 март дар роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ (километрҳои 478 ва 497), Хоруғ-Ишкошим (километри 29) ва роҳи Душанбе – Хоруғ – Мурғоб (километри 58) 18 ҳодисаи лағжиши тарма ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ. 

Барои тоза кардани роҳ аз барфтӯда хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд, барои рафъи пайомадҳои тарма талоши зиёд доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) хабар доданд, баъд аз бартараф шудани тармаҳо ҳаракати нақлиёт дар самти Душанбе — Хуҷанд иҷозат дода шуд.

Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста аст.

Дар километри 237-уми шоҳроҳи Дарвоз – Ш.Шоҳин – Кӯлоб, ки аз ҳудуди деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, дар натиҷаи бориши зиёд сангрезӣ низ ба қайд гирифта шуд. Бо ҷидду ҷаҳди кормандони Вазорати наклиёт оқибатҳои офат бартараф ва роҳ кушода шуд.

Ёдовар мешавем, ки хатари фаромадани тарма, омадани сел, сангрезӣ, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанборҳо то охири ҳафта боқӣ мемонад.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE