Боздиди Зиёзода аз вазъи кишоварзии минтақаи Кӯлоб

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, омодагии кишоварзон ба мавсими баҳории кишти зироат, таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо аз ноҳияҳои Данғара ва Восеъ боздид ба амал овард.

Зимни шиносоӣ бо вазъи соҳа бо масъулин ва кишоварзон суҳбату мулоқотҳо доир гардида, зикр шуд, ки бо таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ тамоми шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ин лиҳоз кишоварзонро зарур аст, ки ҳар қитъа заминро самараноку оқилона истифода намуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тибқи дурнамои муайянгардида кишт намудани зироат малакаву маҳорати худро истифода намоянд.

Ҳамчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаҳои дахлдор барои сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, вусъат бахшидани корҳои тозакунии заҳбуру заҳкашҳо, дар муҳлатҳои муқарраршуда додани озуқа барои зироат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти деҳқонон дастуру супоришҳо дод.

Таъкид гардид, ки кишоварзон бояд бештар барои кишти маҳсулоти содиротшаванда, махсусан пахта таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, барои парвариши босифати он бо олимону мутахассисони соҳа ҳамкорӣ намоянд.

Дар ин зимн роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои боз ҳам бештар намудани ҳамкории институтҳои тадқиқотӣ, махсусан мутахассисони соҳаи растанипарварӣ бо деҳқонон тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE