Рӯзи чоруми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ
Имрӯз 28-уми март, рӯзи чоруми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе аст. То ҳоло дар доираи ин мусобиқа дар шоҳроҳ як сабқат баргузор шуд.
Дар рӯзи чоруми мусобиқа тибқи ҷадвали сабқатҳо қувваозмоии инфиродии умумии, мардҳо дар масофаи 130 км, мусобиқаи инфиродии умумии мардҳо миёни ҷавонон дар масофаи 111км ва мусобиқаи инфиродии умумии занҳо дар миёни ҷавонон дар масофаи 61 км дар назар буд.
Мусобиқаи инфиродии умумии занҳо дар миёни ҷавонон дар масофаи 61 км аллакай ба анҷом расид. Тибқи натиҷгирии доварон София Каримоваи зодаи Узбекистон сазовори мақоми аввал, Алина Спирина ва Дария Казакбаеваи қазоқистонӣ барандаи мақомҳои ифтихории баъдӣ шуданд.
Чанд лаҳза қабл сабқати инфиродии умумии мардон мини ҷавонон дар масофаи 111 км оғоз гардид. Он баъди чанд лаҳзаи дигар анҷом хоҳад ёт ва мо аз натиҷааш дар барномаҳои баъдӣ иттилоъ медиҳем.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида истода, дар он 428 намоянда аз 27 давлати қора иштирок доранд.