Пешвои миллат майдони «Парчами давлатӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара дар вазъияти тантанавӣ майдони “Парчами давлатӣ”-ро ифтитоҳ намуданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар масоҳати 0,65 гектар бунёд гардида, парчам дар баланди 50 метр парафшон карда шуд.

Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва нишони миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ин арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ буда, дар ниҳоди хурду бузург ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро зиёд мегардонад. Илова бар ин, бо бунёди майдони Парчами давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар ду тарафи пояи Парчами давлатӣ фаввораҳо бунёд гардида, дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинони шаҳр корҳои сабзу хуррамгардонӣ, чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатӣ бо сифати баланд ба иҷро расонида шудааст.

Дар доираи лоиҳа намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таъмир карда шуд. Шабона ин мавзеъ зебову назаррабо гардида, ба макони сайру гашти сокинон табдил ёфтааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Исфара бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун ба симои шаҳр ҳусни дигар зам карда шуд. Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Исфара бештар аз 500 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE