Кумитаи рушди сайёҳӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даврҳои омӯзишӣ мегузаронад

Бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳибихтиссос дар соҳаи сайёҳӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент ва ноҳияҳои Данғараю Дарвоз бо ҷалби кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар субъектҳои хизматрасонӣ аз рӯи ихтисосҳои роҳбалад, барандаи экскурсия, пешхизмати меҳмонхона ва тарабхона даврҳои омӯзишии думоҳа гузаронида мешаванд. Дар ин замина имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Даврҳои омӯзишӣ дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022 бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе» гузаронида мешаванд.

Зимни вохӯрӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи сифати гузаронидани даврҳои омӯзиширо вобаста ба арзёбии сатҳи тахассус, маҳорату малакаи касбии иштирокчиён ва ба ин васила тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ таъкид намуд.

Солҳои охир бо афзоиш ёфтани шумораи гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ талабот ба мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи сайёҳӣ хеле зиёд гаштааст. Тақвияти неруи кадрӣ ва пешниҳоди хизматрасонии босифат дар баробари рушди инфрасохтор омили муҳими рақобатпазирии соҳа дар минтақа маҳсуб мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE