Форумҳои сармоягузорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия давоми соли равон баргузор карда мешаванд
18 апрел вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов дар Донишгоҳи иқтисод ва технологияи TOBB бо Президенти Иттиҳодияи палатаҳои тиҷоратию саноатӣ ва биржаҳои молии Туркия (TOBB) Рифат Ҳисарҷиклиоглу баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар, аз ҷумла гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022–2026, дар таҳрири нав қабул гардидани Кодекси андози Тоҷикистон, ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркия ва афзоиши шумораи хатсайрҳои миёни шаҳрҳои ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти мубодилаи таҷриба вобаста ба рушди институтсионалӣ ва ташаккули инфрасохтори муосири соҳибкорӣ, бахусус баланд бардоштани иқтидори ассотсиатсияву палатаҳои тиҷоратии Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ ташкил намоянд. Инчунин ҷиҳати рушди ҳамкорӣ миёни бахши хусусии ду кишвар бо мусоидати ҷонибҳо давоми соли равон форумҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ташкил карда мешаванд.