Дастпарварони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон иштирокчиёни мусобиқаҳои ҷаҳониянд

 Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон борҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Тошканд доир шуд, се нафар донишҷӯёни бахши 3-юми факултети тарбияи ҷисмонӣ- Абдумалик Болтаев дар вазни 75кг ҷойи дуюм, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг ҷойи дуюм ва донишҷӯи бахши 3 -юми факултети варзиш Расул Аҳадов дар вазни 67 кг ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ин нуктаро  дирӯз зимни  нишасти матбуотӣ  ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров дар ҳузури хабарнигон баён дошт.

Зикр шуд, ки дар Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки 22-23 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе доир гардид, варзишгарони ин даргоҳ 1 медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин  донишҷӯи  бахши 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ Ҳақназар Назаров  дар вазни то 90кг дар финал аз Масъуд Бароталии эронӣ шикаст хӯрда,  ҷои дуюмро  соҳиб шуд.

Умар Расулов, донишҷӯӣ бахши 2-юми  факултети тарбияи ҷисмонӣ дар вазни то 81кг ва  омӯзгори  кафедраи  варзиши  сабук Мавлуда Асламова дар вазни то 87кг ҷойи сеюро мушарраф гардиданд.

Мояи ифтихор аст, ки Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Беҳрӯз  Хоҷазода, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва дигарон дастпарварони  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошанд, ки  борҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, чемионатҳои  Осиё, ҷаҳонӣ ва инчунин Бозиҳои олимпӣ иштирок карда, ба ифтихорашон Суруди миллии ҷумҳурӣ  садо дода, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE