Дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия Рӯзи фарҳанги тоҷикон доир шуд

Дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур Рӯзи фарҳанги тоҷикон баргузор гардид. Дар ин хусус аз Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Дар маросим масъулони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хабаровск, ҷамъияти тоҷикони шаҳри Нюнгери Саха -Якутия, ҳамватанони муқимӣ, донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таълимии Хабаровск ва фаъолону ҷавонон иштирок намуданд.

Иштирокчиён вобаста ба арзишҳои фарҳангӣ, фарҳанг-ҳамчун омили муттаҳидӣ ва василаи густариши муносибатҳои халқҳо, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва бародарии ду халқи бузург- тоҷику рус сухан гуфтанд.

Дар ҳамоиш намоиши расму оинҳои миллии мардумӣ аз ҷониби тоҷикони ин минтақаи дурдаст ба намоиш гузошта шуда, ба меҳмонон доир ба аҳамияти расму оинҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик ва хусусияти фарқкунандаи он иттилоъ дода шуд.


Дар баробари ин барои меҳмонон либосҳои миллии тоҷикӣ, ки маҳсули дасти занону духтарони тоҷик дар ин минтақа ба ҳисоб мераванд, ба намоиш гузошта шуд.

Иброз гардид, ки занону духтарони тоҷик барои тарғиби арзишҳои милливу маданӣ ҳамеша дар чорабиниҳои муҳими ҷамъиятиву давлатии Хабаровск бо намоиши маҳсули дастранҷи худ фаъолона иштирок менамоянд.

Инчунин хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон ва иштирокчиёни барномаи фарҳангӣ бо тарзи омода намудани онҳо шинос гардиданд. Ҳамоиш бо намоиши барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ёфт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE