Эммануэл Макрон дар интихоботи Фаронса пас аз ҳисоби садфоизаи овозҳо пирӯз шуд

Президенти кунунии Фаронса Эммануэл Макрон аз рӯи натиҷаи ҳисоби  пурраи овозҳо дар даври дувуми интихоботи президентӣ 58,55 дарсади овозҳоро  ба даст овардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар дод.

Рақиби Макрон, роҳбари ҳизби «Иттиҳоди Миллӣ» Марин Ле Пен 41,45 дарсад овоз гирифтааст. Ӯ мағлубиятро эътироф кард, аммо ваъда дод, ки уҳдадориҳои худро дар назди фаронсавиҳо иҷро менамояд. Аз ҷумла, Ле Пен гуфт, ки ҳаракати сиёсии ӯ дар интихоботи парлумонӣ муборизаи бузургеро оғоз хоҳад кард.

Раиси Додгоҳи конститутсионии Фаронса 27 апрел натиҷаҳои овоздиҳиро расман эълон хоҳад кард.

Овоздиҳӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) ба охир расид. Дар интихобот 63,23 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд.

Президенти Фаронса ба муддати панҷ сол интихоб мешавад. Дар овоздиҳӣ ҳудуди 49 миллион нафар шаҳрвандон метавонанд иштирок намоянд. Даври авали интихобот  10 апрел баргузор шуда, дар он 12 номзад ширкат карданд. Он замон президенти кунунӣ 27,84 дарсад ва роҳбари «Иттидоҳи Миллӣ» 23,15 дарсади овозҳоро ба даст оварда буданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE