Пагоҳ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад

26 апрел дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Иттиҳод дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор мешавад. 

Аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ ният доранд чор масъаларо муҳокима кунанд. Миёни онҳо ҷараёни тайёрӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор доранд.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ қарор аст 13 май дар шакли ҳузурӣ дар Душанбе баргузор шавад. Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 20 май ба тариқи видеоконфронс баргузор мешавад.

Намояндагони ваколатдори доимӣ ҳамчунин натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳоро бахшида ба Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ менамоянд.

Соли 2021 дар доираи соли мавзӯӣ дар кишварҳои узви ИДМ барои коршиносони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ якчанд чорабиниҳои густурда баргузор гардиданд. Аз ҷумла, конфронсҳои мавзӯӣ, фестивалҳо, озмунҳо, дарсҳои маҳорат, намоишҳо, лексияҳо ва машваратҳо, ки заминаи таҳияи сиёсати мувофиқашуда барои ҳамкории минбаъдаи судманд миёни давлатҳои Иттиҳод дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки макони табодули таҷриба бобати истифода бурдани таҷрибаи пешқадам шудаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE