Ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни парлумонҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид

Нимаи аввали рӯзи 13 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

Дар ҷаласа аъзои Комисия аз ҳар ду ҷониб, инчунин кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирокдорони ҷаласаи нахустини Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламентро шодбош гуфта, нақши онро дар самти рушду таҳкими ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёбӣ карданд.

Баъди суханони ифтитоҳии роҳбарони ҳайатҳо маросими баимзорасонии «Харитаи роҳ» оид ба рушди ҳамкории байнипарламентии байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент барои солҳои 2023-2024 доир гардид.

Сипас, ҷаласаи Комиссия таҳти раёсати ҳамраисони он — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Олга Перепечина идома ёфт.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа иштирокдорон масъалаҳоро оид ба тасдиқи Дастури Комиссияи доимӣ, самтҳои асосии ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва сиёсати муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

www.majmilli.tj

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE