Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

Дирӯз, 1 декабр, соати 08:46 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

Маркази заминларза дар  километри 120-уми самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, дар километри 44-уми самти шарқ аз ноҳияи Рашт,  дар ҳудуди минтақаи  Рашт  ҷойгир буда, қувваи заминларза дар марказаш 4  балл ва дар водии Рашт  3 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE