Дар Душанбе масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистон ва Арманистон баррасӣ шуданд
Имрӯз, 13 май дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Арманистонро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карда, роҷеъ ба равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Вазирон инчунин бархе аз масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби раёсати Арманистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ карданд.