Хизматрасонӣ дар хатсайрҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе танзим мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 1 июни соли 2022 фаъолияти хатсайри микроавтобусии №44 (кӯчаи П.Толис – ҷамоати Қӯштеппа, маҳаллаи Лоҳутӣ (ЖБК-6)) қатъ гардида, бо зиёд намудани шумораи автобусҳо ва иваз намудани нуқтаи охири хатсайри автобусии №4 аз терминали Маром то маркази савдои «Кушониён» мунтазамии ҳаракати автобусҳо дар ин масир таъмин карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар хатсайри автобусии №4 (таваққуфгоҳи маркази савдои «Кушониён» — Терминали Шарқӣ) фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Рӯдакӣ, У.Хайём, М.Турсунзода, Шарқ, Меҳнат, К.Раҳимов, А.Лоҳутӣ, Шотемур, Х.Деҳлавӣ, Г.Валаматзода ва С.Айнӣ роҳандозӣ мегардад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКIA» ва «KING LONG» истифода баранд.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE