Дар Сеул вазъи феълӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд

Тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар мулоқоти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Комиссари тозатаъйини мақомоти гумруки Корея ЮН Тэсик дар Сеул баррасӣ гардид.

Дар Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мулоқоти роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар ҳошияи Форуми сатҳи баланд, ки бо иштироки роҳбарони маъмурияти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба сиёсати содагардонии расмиёти савдо дар шаҳри Сеули Корея ҷараён дорад, доир шуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея зарфи солҳои охир беш аз пеш густариш ёфтааст. Комиссари мақомоти гумруки Корея ЮН Тэсик зикр намуд, ки баҳри тақвияти беш аз пеши ҳамкории муштараки дуҷониба, минтақавӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус дар доираи Созмони ҷаҳонии гумрук кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода Комиссари гумруки Корея ЮН Тэсикро барои ба вазифаи пурмасъулият таъйин гардиданаш табрик намуда, иброз дошт, ки таҳти роҳбарии ӯ ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки ҳарду кишвар дар оянда густариш меёбад. Мусоҳибон ҳамзамон доир ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба байни ду мақомот ва ҷараёни иҷрои нақшаҳои оянда табодули назар намуданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ба сатҳи баланд бардоштани ҳамкорӣ саъй менамояд.

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон баргузории форуми 9-уми дуҷонибаро, ки соли 2015 доир шуда буд, хотирнишон намуда, гуфт, ки “форуми мазкур ба тавсеаи ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ҷараёни он масъалаи модернизатсияи Системаи иттилооти автоматонидашудаи ягона (СИАЯ) мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар натиҷа протоколи техникӣ ба имзо расонида шуд. Тибқи он ва бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Корея аз ҷониби мутахассисони кореягии ширкати UNI-PASS моҳи сентябри соли 2021 Системаи идораи таваккал ба таври расмӣ татбиқ гардид, ки он ба содагардонии расмиёти савдо таъсир расонида, ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳми муносиб мегузорад”.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE