Дар Душанбе оид ба 20 соли таъсиси СҲШ видеоконференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
20 август бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ таҳти унвони «20-соли Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ): аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ» видеоконференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Видеоконференсияро бо сухани табрикӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуд.
Сипас намояндагони ёздаҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ҳамоҳангсози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ Аҳмад Саидмуродзода, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, собиқ Котиби генералии СҲШ (солҳои 2016–2018) Рашид Олимов, директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Чжан Чжи, директори Маркази таҳқиқоти Осиёи Шарқ ва СҲШ-и Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Александр Лукин, муовини директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Санҷар Валиев, директори Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон Уран Ахметов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Санат Кушкумбаев, раиси иҷроияи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Холид Маҳмуд, муовини директори генералии Шӯро оид ба корҳои байналмилалии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сумен Багчи сухани табрикӣ гуфтанд.
Бахши аввали ҳамоиш дар мавзӯи «20 соли Созмони Ҳамкории Шанхай: таҷрибаи нодири муносибатҳои ҳамҷаворӣ ба хотири дӯстӣ ва таъмини амнияти умумӣ» таҳти раёсати директори Маркази таҳқиқоти геосиёии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Гузел Майтдинова баргузор гардид. Дар он муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи «Нақши СҲШ дар қаринаи ҳалли буҳрони Афғонистон», директори Маркази таҳқиқоти Осиёи Шарқ ва Созмони Ҳамкории Шанхайи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Александр Лукин дар мавзӯи “СҲШ дар Авруосиёи бузург», директори Маркази таҳқиқоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмуҳаммад Козим Саҷҷодпур дар мавзӯи «СҲШ ва табдили яквақтаи амудӣ ва уфуқии муносибатҳои байналмилалӣ», ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Жун Ин дар мавзӯи «СҲШ ва дурнамои амнияти минтақавӣ», муовини директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Санат Кушкумбаев дар мавзӯи «СҲШ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО): зарфияти тиҷоратию иқтисодии ҳалли мушкилоти амният дар Осиё», директори Департамент оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқобилат алайҳи таҳдид ва хатарҳои Кумитаи иҷроияи СҲШ Александр Буров дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳамкориҳои ИДМ, СҲШ ва СААД дар соҳаи таъмини амнияти минтақавӣ», сардори Шуъбаи ҳамкории ҳаматарафа ва таҳдидҳои глобалии Раёсати сиёсати хориҷии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларус Юрий Ярмалинский дар мавзӯи «Тавсеа ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи судманди Ҷумҳурии Беларус ва СҲШ чун афзори самараноки миллии «гардиш дар Осиё», сардори Шуъбаи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Амир Салямов дар мавзӯи «СҲШ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ», ходими илмиии Шӯро оид ба корҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Ҳиндустон Озар Зафар дар мавзӯи «СҲШ пас аз 20 сол: нақши болоравандаи ҳамкориҳои минтақавӣ» маърӯза карданд.
Бахши дуюми ҳамоиш дар мавзӯи «20 соли СҲШ: уфуқҳои нави ҳамкориҳои минтақавӣ» таҳти раёсати муовини директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Санҷар Валиев доир гардид. Дар он директори Маркази таҳқиқоти Авруосиёии Донишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Чэн дар мавзӯи «Рӯзномаи нави СҲШ дар ҷаҳони парешон: нигоҳи Чин», директори Пажӯҳишгоҳи Шарқи Дури Академияи илмҳои Федератсияи Русия Алексей Маслов дар мавзӯи «Шаклҳои нави ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф», директори Маркази таҳқиқоти геосиёии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Гузел Майтдинова дар мавзӯи «Нақши СҲШ дар густариши ҳамкории байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ: самтҳои амалҳои муштарак ва дурнамо», мушовири аршади Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Ахтар Навоз Ҷунҷуа дар мавзӯи «СҲШ ва дурнамои амнияти минтақавӣ», мушовири аршади Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Озарбойҷон Нагӣ Аҳмадов дар мавзӯи «20 соли СҲШ: нигоҳ аз Озарбойҷон», роҳбари дастгоҳи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва сиёсати Фонди нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Лидия Пархомчик дар мавӯи «СҲШ чун механизми самараноки амният дар Авруосиё», ходими илмии Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон Азамат Омурқулов дар мавзӯи «Зарфият ва дурнамои инкишофи СҲШ дар соҳаи амният», ходими илмии Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Чин Сун Ли дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар чаҳорчӯби СҲШ», намояндаи Котиботи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Илёс Шабданов дар мавзӯи «Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ: таҷрибаи ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм», мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фаррух Салимов дар мавзӯи «СҲШ ва масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» ва дигарон суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҳамоиши илмию амалии байналмилалӣ андешаҳои худро пиромуни маърӯзаҳои ироашуда иброз намуда, вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти СҲШ-ро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд. Инчунин ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ, иқтисодии пандемия, муборизаи дастаҷамъӣ ба муқобили терроризму ифтрогароӣ дар минтақа, мустаҳкам намудани ҳамкории судманд дар соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфияти иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳии давлатҳои узви СҲШ-ро таъкид намуданд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.