Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии КДАМ шинос шуданд

26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар маркази таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи тарҳрезигардида босуръату сифати баланд ҷараён дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази таълимӣ дар масоҳати наздики 5 гектар замин бунёд мегардад ва дар ҳудуди он баробари иншооту биноҳои таълимӣ ҳамзамон, майдончаҳои варзишӣ, ҳуҷараҳои истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар асоси талаботи имрӯза муҳайё карда мешавад.

Дар рафти корҳо дар ҳама қитъаҳои иншоот асосан бинокорону мутахассисони маҳаллӣ бафаъолият ҷалб гардидааст.

Масолеҳи сохтмонии истифодашаванда дар иншоот истеҳсоли корхонаву коргоҳҳои ватанӣ буда, дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои имрӯза мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда дар ҳудуди Маркази таълимӣ ва суҳбат бо бинокорону сохтмончиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайнгардида ба истифода додани он дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE