Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуданд

26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамчунин бо роҳбарону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Нуриддин Маҳмудов мулоқот ва суҳбати самимии сарироҳӣ доир намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони ин деҳоти дурдасти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат баҳои баланд дода, онҳоро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Бо дарназардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардид, ки бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи ин минтақа сокинон бояд ҳамасола майдони кишти зироати гуногунро зиёд намоянд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки деҳоти Нурриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дорои наздики 7 ҳазор нафар аҳолӣ буда, дар он 713 хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти пурсамар дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сокинон ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта, рушди картошкапарварӣ, занбӯриасалпаварӣ, чорводорӣ, ниҳолпарварӣ ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хуштаъму лазиз ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ ба онҳо дастуру масҳилатҳои судманд доданд.

Иқлим ва обу ҳавои ин минтақа имкон медиҳад, ки соҳаи кишоварзӣ бештар рушд дода шавад ва сокинон дар боло бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳми назаррас гузоранд.

Истифодаи пурсамар аз гулу гиёҳҳои шифобахш дар кӯҳҳои ин мавзеъ ҳам яке аз роҳҳои муассири беҳтар намудани зиндагии сокинони деҳот маънидод карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти имконоти васеи деҳоти Нуриддин Маҳмудов дар самти боғпарварӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли меваҳои хуштаъми ватанӣ ба масъулони ноҳия ҷиҳати дастгирии иқдомҳои сокинон дар самти7 хушконидан ва роҳандозии содироти он ба кишварҳои хориҷи дуру наздик дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тавре зикр гардид, феълан дар ҳудуди ин деҳот 5 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошта, дар доираи «Солҳои рушди саноат» — солҳои 2022-2026 ва татбиқи раванди саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт нақшаҳои мушаххас тарҳрезӣ шудаанд ва мавриди амал қарор мегиранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ёдоварӣ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сокинонро ҷиҳати тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ ҳидоят намуда, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 8 муассисаи таълимӣ, 4 кӯдакистон, 1 беморхона ва 7 бунгоҳи тиббӣ фаъолият дошта, бо мақсади рушди инфрасохтори деҳот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам боло бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои муҳими созандагӣ амалӣ мегарданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE