«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ». Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Восеъ вохӯрӣ кард

Имрӯз бо ташаббуси вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеи вилояти Хатлон вохӯрии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо 350 нафар сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вохӯрӣ ҷиҳати амалӣ намудани нақша чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба роҳ монда шуда, гуруҳи кории таблиғотию фаҳмондадиҳиро роҳбарияти вазорат, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва ҳуқуқшиносон ташкил медиҳанд.

Вазири адлияи мамлакат Музаффар Ашуриён зимни баромади худ изҳор намуд, ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 давоми мантиқии сиёсати ҳуқуқие мебошад, ки онро Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ татбиқ менамояд. Зеро ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеае мебошад, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон буда, устувории озодии шахс, ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимати он, инчунин ҷавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд.

Гуфта шуд, ки маърифати ҳуқуқии инон қисми таркибии маданияти маънавӣ ба ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин соҳиби малака ва тавоноӣ будан амалӣ мегардад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар баромади худ баён дошт, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегардад. «Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад»,-иброз намуд ӯ.

Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеа бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки он барои расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE