Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ Қазон мулоқот намуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 18-21 май ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи  сафар бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар мактабҳои олии таълимии шаҳри Қазон таҳсил менамоянд, мулоқот баргузор гардид. Ба донишҷӯён дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар давраи муосир маълумот дода шуд. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.

Ҳамчунин Д. Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими шаҳри Қазон  мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ роҳбари Намояндагии дипломатӣ  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дода, доир ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли якчанд масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дод.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE