Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Пешвоёни Эътилофи обу иқлим оғоз шудаву идома дорад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд  оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷаласаи Пешвоёни  Эътилофи обу иқлим, инчунин  ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе баргузор гардид.

Дар оғози ин ҳамоиши байналмиллалӣ дабири кулли ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Петтери Таалас баромад намуда, нақши чорабинии мазкурро дар ҳалли як қатор мушкилоти вобаста ба обу иқлим муҳим арзёбӣ намуд. Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханони ифтитоҳи суханронӣ намуда, нахуст ҳузури меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Ба таъкиди сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди талошу кӯшишҳои зиёд мо дар раванди дастрасӣ ва рушди устувор хусусан дар бахши об хеле ақиб мондаем. Президенти кишвар қаноатмандӣ изҳор доштанд, , ки пешвоёни эътилофи обу иқлим низ ба ин самт таваҷҷуҳи худро равона сохта, дар таҳия ва пиёдасозии иқдомоти нав ҷиду ҷаҳд карда истодаанд.

“Итминон дорам, ки имрӯз мо Нақшаи амали худро тасдиқ мекунем ва татбиқи он дар ҳалли мушкилоти обу иқлим натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳад овард. Ин амалкард, ҳамчунин, саҳми муносиби мо дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 хоҳад буд”, изҳор доштанд Пешвои миллат.

Ҳамзамон, дар назар аст, ки дар ин ҷаласа дар мулоқот бо гуруҳи ҷавонон ва нишасти матбуотӣ аз ҷониби Тоҷикистон вазири энергетика ва захираҳои об ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе   тибқи ташаббуси Тоҷикистон  аз ҳисоби намояндагони  воломақому  коршиносони байналмилалии кишварҳои  узви Созмони Милали Муттаҳид, зерниҳодҳои он ва созмонҳои байналмилалӣ  барои  пешбурди раванди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» таъсис дода шудааст.

Интизор меравад, ки аъзои Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе  аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти бузурги обии Тоҷикистон, аз ҷумла НБО «Роғун», Фестивали оби Душанбе  ва дигар чорабиниҳое, ки дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил карда мешаванд, боздид намоянд.

Баҳруллои Маҳмадшариф

Радиои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE